ҲАДАФ - ТАЪМИНИ ШАРОИТИ ХУБИ ТАЪЛИМ БА ХОНАНДАГОН!

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади таъмин сохтани шароити мусоиди таълиму тарбияи насли наврас ва дар синфхонаҳои гарму барҳаво омӯхтани илму ҳунар имрӯзҳо дар аксарияти муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷайҳун бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизбии ноҳия сохтмони биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бо маром амалӣ гардида истодааст.

  Ин навбат, дар доираи ташаббуси ҳизбии “Мактаби ман” дар назди муассисаи таълимии №26-и деҳаи Тутзори Ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб сохтмони бинои алоҳидаи таълимӣ дорои 8 синфхона анҷом ёфт, ки ин ба аз байн бурдани норасоии ҷойи нишаст кумак мерасонад.

         Ҳамзамон дар назди бинои таълимии навбунёд як адад иншооти гигиёнӣ бо усули дренажӣ сохта шудааст, ки ин ба талаботи замони муосир пурра ҷавобгӯ мебошад.