АКСИЯИ ҲИЗБӢ ЗЕРИ УНВОНИ “МУҲИТИ АТРОФРО ТОЗАЮ ОЗОДА НИГОҲ МЕДОРЕМ!”

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун ва Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва кормандони ташкилоту муассисаҳо дар ноҳия Аксияи тозагӣ дар маркази ноҳия Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ баргузор гардид.

Дар аксияи мазкур атрофи роҳи марказии ноҳия, гирду атрофҳои биноҳои Раёсати молия ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун аз ҳаргуна алафҳои худрӯй ва партовҳо тоза карда шуд.