35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО БО ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС ПЕШВОЗ МЕГИРЕМ!

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, соҳибкорону саховатмандони ноҳия имрӯзҳо бахшида ба истиқболи ҷашни 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ тамоми роҳҳои ҳудуди ноҳия таъмир ва мумфарш гардида истодааст.

  Аз он ҷумла, чунин ташаббуси созанда дар Ҷамоати деҳоти Панҷ бо иштироки бевоситаи раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Абдулҳафиз Абдусаттор, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ва сокинон амалӣ гардида, роҳи марказии деҳаи Рӯдакии ҷамоати мазкур пурра мумфарш гардид ва мавриди истифодаи сокинон қарор дода шуд.

Метавон зикр намуд, ки ин роҳ бисёр харобу валангор гардида буд ва сокинону ронандагон ҳангоми ҳаракат танқисӣ мекашиданд. Хушбахтона имрӯз ин мушкилӣ ҳали худро пайдо намуд ва ҳам ҳаракати сокинон беҳтар ва ҳам симои деҳа зебо гардид.