ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ҲИЗБӢ БА МАЪЮБОН.

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дастгирии нафарони дорои имконияташ маҳдуд, имрӯзҳо аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ҳармоҳ ба се нафар маъюбони ноҳия нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ таъмин карда мешавад.

Дар ин росто, бо иштироки Сайфулоев Раҳмиддин- мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба Муродов Асрор,  маъюби  гурӯҳи 1-уми деҳаи Ҷавонони Ҷамоати деҳоти Қумсангир нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ барои моҳи июн дастрас гардонида шуд.