ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ҲИЗБӢ БА МАЪЮБОН

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади дасгирии маъюбону барҷомондагон аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ба Сафаров Боймаҳмад сарпараст ва падари маъюби дараҷаи 1-ум Сафаров Тошмаҳмад истиқоматкунандаи деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти Панҷ нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ барои моҳи июн дастрас гардонида шуд.

  Зимни супоридани нафақаи ҳизбӣ Сайфулоев Раҳмиддин- мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун вобаста ба дасгирии маъюбону барҷомондагон аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ёдовар гашта, иброз намуд, ки  шахсони эҳтиёҷманд ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва дастгирии давлату ҳукумат қарор доранд.