ШАНБЕГӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои нақша-чорабиниҳо ва ҳамзамон ҷиҳати анҷом додани корҳои созандагӣ, ободкорӣ ва зебоигардонии як гушаи диёр имрӯзҳо дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ дар ноҳия пайваста ҳашарҳои дастаҷамъона ва шанбегҳо гузаронида мешавад.

   Ин навбат санаи 17-уми июни соли равон бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизбии ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”  дар муассисаи таълимии №13-и Ҷамоати деҳоти Истиқлол чунин шанбегӣ баргузор гардида, атрофи муассисаи таълимӣ ва майдончаи варзишии он аз ҳаргуна алафҳои худрӯй ва ифлосиҳо тоза гардонида шуд.