ДАР ОБОДИИ ВАТАН САҲМИ ХЕШРО МЕГУЗОРЕМ!

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба сазовор истиқбол гирифтан аз ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ имрӯзҳо дар ноҳияи Ҷайҳун бо саҳми аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия якқатор корҳои созандагӣ амалӣ гардидаистодааст.

  Аз ҷумла, чунин ташабусҳои созанда бо ҷалби аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Деҳқонобод” ва сокинон амалӣ гардида, роҳҳои ҳудуди деҳаи Деҳқонободи Ҷамоати деҳоти Истиқлол сангфарш гардида, ҷӯйборҳои атрофи он, ки барои истифодаи сокинон хизмат менамуд бо тарҳи замонавӣ бетонӣ гардонида шуд.