ШАНБЕГӢ: БАХШИДА БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 17-уми июн бо иштироки кули аъзо ва ҷонибдорони ҳизбии ташкилоти ибтидоии “Иттифоқ” бахшида ба сазовор истиқбол аз Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар деҳаи Наврӯзи Ҷамоати деҳоти Истиқлол шанбегӣ ва ҳашари дастаҷамъона баргузор гардид.

      Зимни баргузории шанбегии мазкур атрофи роҳи марказии деҳа, манзилҳои истиқоматӣ ва назди масҷиди ҷомеи ҷамоати мазкур аз ҳаргуна алафҳои худрӯй ва ифлосиҳо тозаю озода гардонида шуд.

         Масъулини ташкилоти ибтидоии “Иттифоқ” иброз доштанд, ки чунин аксияҳои тозагию ободонӣ дар деҳа идома дошта, сокинон иқдом намудаанд, ки то рӯзи ҷашни Ваҳдати миллӣ роҳҳои дохили деҳа таъмир ва ҷӯйборҳои атрофи онро ба тарҳи замонавӣ бетонӣ хоҳанд намуд.