РОҲҲО МУМФАРШ ВА ШАРОИТ БЕҲТАР МЕГАРДАД

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси сиёсатҳои хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор истиқбол аз ҷашни муҳими миллӣ 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳои тамоми роҳҳои кӯчаю маҳаллаҳои ноҳияи Ҷайҳун мумфарш гардида истодаанд.

   Аз ҷумла, роҳи марказии кӯчаи Спитамени Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ имрӯз пурра мумфарш гардида, мавриди истифодаи сокинон гардонида шуд. Дар ин амали нек бошандагони кӯчаи мазкур ба роҳсозон кумаки хешро расонида, ҳаракат доранд, ки роҳҳо зуддтар мумфарш гардаду мушкилоти ҳаракат дар ин роҳҳо аз байн равад.

Метавон зикр намуд, ки чунин корҳои созандагӣ дар дигар кӯчаҳои Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ низ бо маром рафта истодааст.