ТОЗАГИИ МУҲИТИ АТРОФ РИОЯ МЕГАРДАД.

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 10-уми июни соли равон бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф ва саҳм гузоштан дар корҳои оббодонӣ бо иштироки ҳамаи кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун шанбегӣ баргузор гардид.

     Зимни баргузории шанбегии мазкур гирду атрофи бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия рубучин карда шуда, гулҳои ороишие, ки дар назди он нашъунамо меёфтанд аз ҳаргуна ифлосиҳо ва алафҳои худрӯй тоза гардонида шуд. Метавон қайд кард, ки чунин шанбегиҳо бо иштироки кормандони ҳизби ноҳия ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия бо ҷалби фаъолону волонтёрон ҳар ҳафта рӯзҳои шанбегӣ баргузор мегарданд.