ШАНБЕГӢ БО ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНУ СОКИНОН

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Олии мамлакат ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ва тозаю озода намудани маҳал, санаи 10-уми июн зери роҳбарии раиси ташкилоти ибтидоии “Истиқлол” Нодирзода Ислом дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Истиқлол шанбегии дастаҷамъона баргузор карда шуд.

  Дар ин шанбегӣ аҳли ҷамоатчигӣ ва сокинону фаъолон ба тоза кардани партовҳо, ҷӯйю обравҳо, сафед кардани дарахтон, тоза намудани атрофи роҳи ҳудуди ҷамоат аз алафҳои бегона машғул шуда, дар ободию зебогии диёр саҳми хешро гузоштанд.

Метавон зикр намуд, ки чунин шанбегиҳои дастаҷамъона ҳар ҳафта дар ҳудуди дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия амалӣ гардида, дар он сокинон ва тамоми сохтору муассисаҳо фаъолона иштирок менамоянд.