БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ҲИЗБИИ “ЯКҶОЯ МЕСОЗЕМ”

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати пайравӣ аз сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ин радиф баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳадафҳои созанда ва бунёдкоронаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ҷиҳати саҳм гузоштан дар ободии диёр имрӯзҳо бо ташаббуси фаъолону аъзоёни ташкилотҳои ибтидоӣ роҳҳои деҳаю маҳаллаҳо мумфарш, сангфарш ва таъмир гардида истодааст.

Ин навбат, бо мақсади амали намудани чунин иқдом ҷонибдорону аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Истиқлол” дар рӯзи шанбе ба ҳашари дастаҷамъона баромада, бо ҷалби соҳибкорону саховатмандон роҳи аҳамияти маҳаллӣ доштаи ҳудуди Ҷамоати деҳоти Истиқлолро сангфарш намуда, мавриди истифодаи сокинон қарор дода шуд.

Қобили қайд аст, ки чунин амали неку созанда дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони «Якҷоя  месозем!» идома дошта, ҳамзамон бахшида ба эълон  гардидани  “Солҳои   рушди  деҳот, сайёҳӣ  ва  ҳунарҳои  мардумӣ” дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия роҳандозӣ гардидаистодааст.