ТАШНАРО ЯК ҚАТРА ОБ АЗ ГАНҶИ ДУНЁ БЕҲТАРАСТ!

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷайҳун корҳои муайян ба иҷро расонида шуда истодааст.

Аз ҷумла, бо ташаббуси аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии “Деҳқонобод” қубурҳо ва роҳҳои обгузар, ки барои таъмини оби истеъмолӣ ва обёрикунонии заминҳо ба сокинони деҳаи “Деҳқонобод”-и Ҷамоати деҳоти Истиқлол хизмат менамуд, таъмир гардида, мавриди истифода қарор дода шуданд.