ОБОДОНӢ – МАРОМИ МОСТ!

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ҷумҳурӣ корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома дорад.

   Дар ин замина аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ дар ноҳияи Ҷайҳун низ дар корҳои ободонию созандагии ноҳия саҳми босазои худро гузошта истода, бахшида ба ин ҷашни муҳими миллӣ дар ҳудуди ноҳия сохтмони иншоотҳои таъиноти гуногун, сангфарш ва мумфаршкунии роҳҳо бо маром амалӣ гардида истодааст. Ин навбат бо ташаббуси аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии “Деҳқонобод” роҳҳои ҳудуди деҳаи Деҳқонободи Ҷамоати деҳоти Истиқлол таъмир гардида, атрофи он чароғон карда шуд, ки ин ба ҳаракати сокинон кумак хоҳад расонд.