МУҲИТИ АТРОФРО ТОЗАЮ ОЗОДА НИГОҲ МЕДОРЕМ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф ва саҳм гузоштан дар корҳои оббодонии ноҳия, бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун ва ташкилотҳои ибтидоии “Раёсати молия”, “Шифо” ва “Кумитаи варзиш” шанбегӣ баргузор гардид.

   Дар ин шанбегӣ гирду атрофи бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, саҳни бинои Раёсати молия, ҳавлии Беморхонаи марказӣ, варзишгоҳи марказӣ рубучин гардида, гулҳои ороишие, ки баҳри зебои дар назди ин биноҳо шинонида шуда буд аз ҳаргуна алафҳои худрӯй тоза ва об дода шуд.