ШАРОИТИ ТАЪЛИМ ДАР БОҒЧАҲО БЕҲТАР МЕГАРДАД!

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор истиқбол аз 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” муассисаи томактабии №1 “Фирӯза” аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, бо таъмини шароити хуби таълимӣ ва таҷҳизотҳои замонавӣ дар арафаи иди “Рӯзи кӯдакон” фаъолиятро оғоз намуд.

     Ҳамзамон пеш аз оғози фаъолият бо иштироки роҳбарият ва омӯзгорони ин муассиса шанбегӣ баргузор гардида, атрофи боғча тозаю озода гардонида шуда, баҳри зебоӣ дар саҳни муассиса ва атрофи он гулҳои ороишӣ ва ҳамешасабз шинонида шудааст, ки ин корҳои созандагӣ ба ҳусни боргоҳи маърифат ҳусни дигарро зам намудааст.