ОБОДИИ ДИЁР МАРОМИ МОСТ!

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои бунёдкорона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон баҳри сазовор истиқбол аз ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар доираи ҳадафҳои созанда ва бунёдкоронаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон баҳри саҳм гузоштан дар оббодии деҳаю маҳал бо ташаббуси аъзо ва ҷонибдорони ташкилотҳои ибтидои ҳизбии ноҳия роҳҳои деҳаю маҳаллаҳо таъмир, сангфарш ва мумфарш гардида истодааст.

    Аз он ҷумла, чунин иқдоми нек ва созанда бо истифода аз ҳавои мусоид бо ташаббуси фаъолону ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии “Рӯдакӣ” амалӣ гардида, роҳи марказии деҳаи “Рӯдакӣ”-и Ҷамоати деҳоти Панҷ тариқи ҳашари дастаҷамъона ва бо саҳми аъзоёну саховатмандон сангфарш гардида, мавриди истифодаи сокинони деҳа қарор дода шуд.

Қобили зикр аст, ки чунин амали неку созанда дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони «Якҷоя  месозем!» идома дошта, ҳамзамон бахшида ба эълон  гардидани  “Солҳои   рушди  деҳот, сайёҳӣ  ва  ҳунарҳои  мардумӣ” роҳандозӣ гардида истодааст.