КУМАК БА КӮДАКОНИ МАЪЮБ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади пайравӣ аз сиёсати хирадмандона ва инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дасти кумак дароз намудан ба шахсони маъюб ва эҳтиёҷманд, дирӯз бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии “Сомонӣ” Иблоев Сайалам ва Кумитаи худфаъолияти деҳаи Сомонӣ бахшида ба “Рӯзи кӯдакон” 10 оилаи деҳаи болозикр, ки дар онҳо кӯдаки маъюб умр ба сар мебарад аёдат гардида, ба ҳар яки ин оилаҳо кумаки яквақтаинаи моддӣ аз қабиили гушт ва равған расонида шуд.

      Қобили зикр аст, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сомонӣ” яке аз ташкилотҳои ибтидоии фаъол ҳисоб ёфта, дар амалӣ намудани чунин иқдомҳо дар ҳамаи ҷашнҳои миллӣ ҳамеша саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Аз ин иқдоми нек аёдатшудагон бисёр руҳбаланд гардида, ба роҳбарияти Олии мамлакат ва амаликунандагони иқдоми мазкур минатдории хешро расониданд.