ДАСТРАСИИ НАФАҚАИ ҲИЗБӢ БА МАЪЮБОН

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Оллии мамлакат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дастгирии маъюбону барҷомондагон санаи 31-уми майи соли равон нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ ба писар ва парастори маъюби гурӯҳи 1-уми деҳаи Ҷавонони Ҷамоати деҳоти Қумсангир Муродов Асрор дастрас гардонида шуд.

Зимни супоридани нафақаи ҳизбӣ мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун иброз намуд, ки маъюбону барҷомондагон ва шахсони якаву танҳо пайваста зери ғамхории давлату ҳукумат, хусусан Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба ин табақаи ниёзманди ҷомеа ҳамеша таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.

Зимни амалӣ гардидани ташаббуси мазкур аз номи ин шахси маъюб минатдории беандоза ба роҳбарияти олии мамлакат ва ташаббускорони ин амали хайр изҳор гардид.