НАФАҚАИ ҲИЗБӢ БА МАЪЮБОН ДАСТРАС ГАРДОНИДА ШУД

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 25-уми майи соли равон ҷиҳати дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа ва маъюбон бо иштироки намояндагони Кумитаи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳасанзода Тағоймурод - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ба як нафар кӯдаки 8-солаи маъюби деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти Панҷ Алиев Ҳамидҷон аёдат гардида, бо нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ дастрас гардонида шуд.

       Зимни аёдат меҳмонон бо оилаи ин нафари маъюб ҳамсуҳбат гардида, қайд намуданд, ки имрӯзҳо бо шукргузори аз соҳибистиқлолии кишвар маъюбону барҷомондагон пайваста зери ғамхории Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, давлату ҳукумат ба ин табақаи ниёзманди ҷомеа ҳамеша таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Шумо низ ҳеҷгоҳ худро танҳо ҳис накарда, ҳукумати мамлакат ҳамеша кушиш ба харҷ медиҳад то аз ҳолу аҳволи шумо бохабар ва дар ҳама ҳолат дастёри шумо бошад. Ин аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзи таъсисёбии худ бо мардум буда, орзуву ормонҳои халқро бо сиёсати дурбинонаву созандаи худ амалӣ месозад.