ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ҲИЗБӢ БА МАЪЮБОН БО ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ КИМ ҲХДТ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Хайру саховат ва меҳрубонӣ ба ятимону дармондагон ва оилаҳои ниёзманд, ки чашми умед сӯйи мову шумо дӯхтаанд, қарзи инсонии ҳар як нафари тандуруст, солимфикру соҳибандеша ва тавоно аст.

      Баҳри амали намудани ин ташаббуси нек санаи 25-уми майи соли равон бо иштироки намояндагони Кумитаи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳасанзода Тағоймурод - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ба як нафар маъюби гурӯҳи 1-уми деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти Панҷ Сафаров Тошмаҳмад нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ дастрас гардонида шуд.

Зимни аёдат намояндагон бо ин нафари маъюб ва оилаи онҳо ҳамсуҳбат гашта, иброз доштанд, ки маъюбону барҷомондагон пайваста зери ғамхории Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, давлату ҳукумат ба ин табақаи ниёзманди ҷомеа ҳамеша таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Аз ин лиҳоз, Шумо ҳеҷгоҳ худро маъюбу танҳо ҳис накарда, мо ҳамеша кушиш ба харҷ хоҳем дод то аз ҳолу аҳволи шумо бохабар бошем ва дар ҳама ҳолат дастёри шумо хоҳем буд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзи таъсисёбии худ бо мардум буда, орзуву ормонҳои халқро бо сиёсати дурбинонаву созандаи худ амалӣ месозад.