СОКИНОН БО МАВОДҲОИ ИТТИЛООТӢ ТАЪМИН ГАРДИДАНД

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади тарғибу ташвиқи  фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ” ва сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар кӯчаю маҳаллаҳои ҷамоати деҳоти Ваҳдали миллӣ аксияи тақсимоти варақаҳо ва маводҳои таблиғотӣ ба роҳ монда шуд.

Дар аксияи мазкур мудири бахши кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун  Ғафорова Насима ва намояндаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия  Фарида Амридинзода иштирок намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар раванди баргузории аксия аз ҷониби масъулин ба соҳибкорону марказҳои хизматрасонӣ ва сокинон суҳбату вохӯрӣ баргузор гардида, ба онҳо беш аз 50 маводҳои иттилоотӣ дастрас карда шуд.