“ЯКҶОЯ МЕСОЗЕМ”

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни муҳими миллӣ 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон баҳри муҳайё намудани шароити мусоид барои сайру гашт ва фароғати сокинон, дар доираи аксияи ҳизбӣ зери унвони “Якҷоя месозем”  атрофи роҳи марказии деҳаи “Деҳқонобод”-и Ҷамоати деҳоти Истиқлол, бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии “Деҳқонобод” чароғон карда шуд. 

       Тибқи маълумоти  масъулини ташкилоти ибтидоии мазкур имрӯз дар шафати роҳи марказии деҳа ҳудуди 25 адад чароғҳои каммасрафи муосир насб гардида, равшаннокии деҳа пурра таъмин карда шуд.