ИДОМАИ БАРГУЗОРИИ “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ ҶАЙҲУН

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 27 майи соли 2023 дар асоси нақшаи Амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷайҳун “Соати сиёсӣ” баргузор гардид.

Ин навбат чунин амалиёт дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳияи Ҷайҳун доир гардида, дар он масъулини муассисаи таълимии мазкур ва омӯзгорони соҳибтаҷриба вобаста ба мавзӯҳои “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон”, “Пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ” ва “Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавон” ба иштирокдорон дарс гузаштанд.

Хусусан иброз гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳ ва аҳамияти хосса медиҳанд, зеро сол то сол насли ҷавон ба як қувваи неруманд табдил ёфта истодааст.