“СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ №34-И НОҲИЯИ ҶАЙҲУН

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 27 майи соли 2023 Амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон зери унвони “Соати сиёсӣ” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34-и ноҳияи Ҷайҳун доир гардид.

     Дар ин амалиёти муштарак роҳбарияти муассиса ва омӯзгорон доир ба мавзӯҳои “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон”, “Пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ” ва “Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавон” ба хонандагон дарс гузаштанд.

Хусусан иброз гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳ ва аҳамияти хосса медиҳанд, зеро сол то сол насли ҷавон ба як қувваи неруманд табдил ёфта истодааст.