НАФАҚАИ ҲИЗБӢ БА МАЪЮБОН ТАЪМИН ГАРДИД

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 8-уми апрели соли 2022 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дастгирии маъюбон бо иштироки Зайдуллоев Муҳаммадҷон, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ба Муродов Асрор, маъюби гурӯҳи 1-ум, сокини деҳаи Ҷавонони ҷамоати деҳоти Қумсангир нафақаи ҳизбии семоҳа, ҷамъ дар ҳаҷми 1500 сомонӣ таъмин карда шуд.

Зимни аёдат масъулин иброз доштанд, ки маъюбону барҷомондагон ва шахсони якаву танҳо пайваста зери ғамхории роҳбарияти олии давлату ҳукумат қарор дошта, ба ин табақаи ниёзманди ҷомеа ҳамеша таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.

Муродов Асрор аз дастгириҳои ҳизбиён рӯҳбаланд гардида, миннатдории хешро ба Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта, дуои нек дод.