ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ҲИЗБӢ БА МАЪЮБОН

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар баҳри кумаки молиявӣ ба маъюбон, ашхоси ниёзманд аз оилаҳои камбизоат нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ муқаррар гардидааст.

Бо  мақсади амалӣ намудани ин кори хайру савоб санаи 8-уми апрели соли ҷорӣ бо иштироки Муҳаммад Зайдуллоев, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва Раҳмиддин Сайфулолев, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи мазкур Сафаров Тошмаҳмад, маъюби гурӯҳи 1-ум, сокини деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти Панҷ аёдат карда шуда, ба ӯ бори дуюм нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ расонида шуд.

Дар рафти аёдат намояндагони ҳизбии ноҳия бо ин нафар ҳамсуҳбат гашта, қайд намуданд, ки маъюбону барҷомондагон пайваста зери ғамхории Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демокртии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, давлату ҳукумат ба ин табақаи ниёзманди ҷомеа ҳамеша таваҷҷуҳи хоса зоҳир хоҳад кард.