АЁДАТИ САРБОЗОН ДАР АРАФАИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси  дастуру супоришҳои Роҳбариятии Олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва тибқи нақша чорабинии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар дидбонгоҳи №3-юми “Панҷи поён”-и  Қушунҳои  сарҳадоти КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун  оид ба дастгирии моддӣ ва маънавии афсарону сарбозоне, ки ба ҳифзу ҳимояи Модар-Ватан машғуланд, бо иштироки  Ҳасанзода Т раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва Асоев О мудири шуъбаи ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳия  бо сарбозон дидбонгоҳи мазкур вохӯрии судманд баргузор гардид.

     Ҳамчунин, дар рафти аёдат аз ҷониби  масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ба сарбозони дидбонгоҳи мазкур туҳфаҳои идона расонида шуд. Ин иқдоми хайрхоҳона руҳияи сарбозонро баланд бардошта, дар ҳимояи марзу буми Ватани азизамон аз пештара дида камари ҳиммат мебанданд.

          Инчунин, иштирокдорони вохӯрӣ бо шароити хизмат ва зиндагии ҳаррӯзаи сарбозон аз наздик шинос шуда, вобаста ба беҳбуд бахшидани вазъи хизмат, ҳаёти аскарии аскарону афсарон  ба масъулини дидбонгоҳ маслиҳату дастурҳои судманд доданд.