САФИ АЪЗОИ ҲИЗБ АЗ ҲИСОБИ ҶАВОНОН МЕАФЗОЯД.

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - ҳизби бонуфуз ва пешоҳанги кишвар маҳсуб ёфта, миёни сокинон соҳиби обурӯю мартабаи баланд мебошад. Аз инҷост, ки рӯз то рӯз аъзо ва ҷонибдорони ин ҳизби пешсаф рӯ ба афзоиш қарор дорад ва бештари онҳоро ҷавонони фаъолу созандаи кишвар ташкил медиҳанд.

     Дар доираи иқдоми мазкур, санаи 19-уми майи соли равон як тан ҷавонони фаъоли ноҳия бо хоҳиши худ ба сафи ҲХДТ пайваст ва аз ҷониби мутахассиси бахши омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҷавова Манижа ба ӯ шаҳодатномаи ҳизбӣ бо тантана тақдим гардонида шуд.

Зимни тақдими шаҳодатномаи ҳизбӣ ин аъзои нав бо як руҳу илҳоми тоза иброз дошт, ки барои ҳар як ҷавони кишвар узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будан боиси ифтихору сарфарозист. Бинобар ин ман ҳамчун як узви фаъоли ҷомеа пайваста баҳри амалӣ гардонирдани ҳадафҳои барномавии ин ҳизби созанда кушиш намуда, саҳми арзандаи хешро дар оббоду гулгуншукуфоии кишвари азизамон хоҳам гузошт.