БАХШИДА БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо аз ҷониби аъзоён ва ҷонибдорони фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ҳамзамон бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар самти рушди корҳои ободонию созандагӣ ташаббусҳои ҳизбиро зери унвони “Якҷоя месозем!” дар тамоми ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷайҳун ба таври муташаккилона ба роҳ монда истодаанд.

Ин навбат дар кӯчаи Баҳори Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ чунин иқдоми созанда амалӣ гардида, роҳи асосии кӯча сангфарш, атрофи он таҷдиду азнавсозӣ ва қубурҳои обгузар насб карда шуданд, ки ин боис мегардад, ҳам шароити сокинон беҳтар гардад ва ҳам дар ободонию пешрафти диёр саҳми хешро гузошт.