ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ МАНФИАТБАХШ АСТ!

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, имрӯз бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Сайфуллоев Раҳмиддин миёни сокинон ва истиқоматкунандагони деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Қумсангир суҳбату вохӯрӣ ва корҳои фаҳмонидадиҳӣ бо усули “Хона ба хона” баргузор карда шуд.

      Зимни баргузории вохӯрӣ аён гардид, ки сокинони деҳаи мазкур дастуру супоришҳои Роҳбариятии Олии мамлакатро ҳамаҷониба дасгирӣ намуда, дар истифодаи дуруст ва оқилонаи замин ҳамеша ҷаҳду талош меварзанд ва шароити зиндагии хешро бо ин восита беҳтар менамоянд. Хусусан баҳри захираи маводҳои хурока ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, бо мақсади кишти такрорӣ дар заминҳои холишуда ба коридани картошка, лӯбиёгиҳо ва зироатҳои хӯрокаи чорво машғул мегарданд.