ТАҚСИМОТИ МАВОДҲОИ ТАБЛИҒОТӢ БА СОҲИБКОРОНУ СОКИНОН

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар кӯчаю маҳаллаҳои ҷамоати деҳоти Панҷ ва ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ аксияи тақсимоти варақаҳо ва маводҳои таблиғотӣ оид ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ” ва сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба роҳ монда шуд.

Дар аксия мудири бахши кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун  Ғафорова Насима ва намояндаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия  Фарида Амридинзода иштирок доштанд.

Мавриди зикр аст, ки дар раванди баргузории аксия аз ҷониби масъулин ба соҳибкорону марказҳои хизматрасонӣ ва сокинон беш аз 100 маводҳои иттилоотӣ тақсимот карда шуд.