САҲМИ СОКИНОН ДАР ТОЗАЮ ОЗОДА НИГОҲ ДОШТАНИ ОРОМГОҲҲО НАЗАРРАС АСТ!

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 13-уми майи соли равон бо саҳми сокинон ва аъзоёну ҷонибдорони ҳизбии Ҷамоати деҳоти Панҷ амалиёти умуминоҳиявӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ» баргузор гардид.

     Амалиёти мазкур дар оромгоҳи деҳаи Рӯдакии Ҷамоати деҳоти Панҷ бо иштироки намояндаи ноҳиявии ҳизб ва эмомхатибону фаъолони ҷамоати мазкур гузаронида шуда, дар рафти он дохил ва атрофи оромгоҳ аз алафҳои худрӯй ва ҳар гуна партовҳо тоза гардонида шуд.

Ҳамзамон дар ин аксия роҳи асосии дохили оромгоҳ, ки баҳри рафту омади сокинон буд тозаю озода ва дарахтони атрофи он об дода шуд.