МУҲИТИ АТРОФРО ТОЗАЮ ОЗОДА БОЯД НИГОҲ ДОШТ!

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф ва саҳм гузоштан дар корҳои оббодонии ноҳия, санаи 13-уми майи соли равон бо иштироки кули кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун шанбегӣ баргузор гардид.

     Дар ин шанбегӣ гирду атрофи бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия рубучин гардида, гулҳои ороишие, ки баҳри зебои дар назди ин бино шинонида шуда буд аз ҳаргуна алафҳои худрӯй тоза ва об дода шуд.

   Метавон зикр намуд, ки чунин шанбегиҳо дар дигар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия бо иштироки фаъолону ҷонибдорони ҳизб доир гардида, баҳри дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани “Рӯзи оила” чунин аксияҳо амалӣ гардида истодааст.