АКСИЯИ ҲИЗБӢ ЗЕРИ УНВОНИ “РӮЗИ ЁДОВАРӢ”

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 13-уми майи соли равон тибқи Нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади баргузории Амалиёти муштараки умумивилоятӣ оид ба тозакунии дохил ва ҳудуди қабристонҳо бо истифода аз ҳавои мусоид дар деҳаи “Лоҳутӣ”-и Ҷамоати деҳоти Истиқлол Аксияи ҳизби таҳти унвони “Рӯзӣ Ёдоварӣ” бо ҷалби сокинон ва аъзоёни фаъоли деҳа роҳандозӣ карда шуд.

     Дар ин аксия муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, раиси деҳаи Лоҳутӣ, фаъолону сокинони деҳа иштирок ва ба ҳашари дастаҷамъона баромада, дохил ва атрофи оромгоҳи деҳаи мазкурро аз ҳаргуни ифлосиҳо ва алафҳои худрӯй тоза намуданд.

Метавон зикр намуд, ки пос доштани оромгоҳҳо ва тозаю озода намудани онҳо яке аз анъанаҳои неки  халқи тоҷик ба ҳисоб рафта, моро зарур аст, ки насли ояндаро дар рӯҳияи хештаншиносию худогоҳии миллӣ ҳидоят намоем, то ин ки давомдиҳандаи анъанаҳои неки ниёгон ва посдорандаи хотироти гузаштагони худ бошанд.