АКСИЯИ ТОЗАГӢ ЗЕРИ УНВОНИ “ОБОДИИ ДИЁР МАРОМИ МОСТ”

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 6-уми майи соли равон бо мақсади баргузор намудани шанбегӣ ва корҳои тозагию ободонӣ дар ноҳия бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун, омӯзгорону хонандагони муассисаи таълимии №1, №17 ва литсеи касбии техникии ноҳия Аксияи ҳизбӣ зери унвони “Ободии диёр мароми мост!” бахшида ба 78-солагии иди Ғалаба дар Ҷамоати шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун баргузор гардид.

      Дар Аксияи мазкур беш аз 100 нафар аъзоёни фаъол ва хонандагони муассисаҳои таълимии номбурда фаъолона иштирок намуда, атрофи роҳи марказии ноҳия, атрофи ташкилоту муассисаҳои дохили ҷамоати шаҳрак ва кучаю маҳалаҳои он аз ҳаргуна партовҳо ва ифлосиҳо тозаю озода гардонида шуд.

      Метавон зикр намуд, ки чунин аксияҳо ва корҳои тозагию ободонӣ бо саҳми ташкилотҳои ибтидои ва аъзоёну фаъолони ноҳия идома дошта, баҳри дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ мунтазам баргузор карда мешаванд.