АКСИЯИ ОБОДОНӢ ЗЕРИ УНВОНИ “ЯКҶОЯ МЕСОЗЕМ!”

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни муҳими миллӣ 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати муҳайё намудани шароити мусоид баҳри сайру гашт ва фароғати сокинони маҳал, дар доираи аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем”  боз як кӯчаи деҳаи Сомонии Ҷамоати деҳоти Панҷ, аз ҳисоби аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Сомонӣ” чароғон карда шуданд. 

          Тибқи маълумоти  раиси ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии "Сомонӣ" Иблоев Сайалам, имрӯзҳо дар шафати кӯчаву тангкӯчаҳо беш аз 30 адад чароғҳои каммасрафи муосир насб гардида, равшаннамоии дигар кӯчаҳои деҳа идома дорад.