ИДОМАИ БАРГУЗОРИИ “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 29-уми апрели соли равон тибқи нақшаи муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон дар муассисаҳои тамоми муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷайҳун “Соати сиёсӣ” баргузор карда шуд.

Ин навбат чунин амалиёти муштарак дар муассисаи таълимии №39-и ноҳияи Ҷайҳун бо иштироки сарвари муассиса ва омӯзгорони соҳибтаҷриба ва рӯзгордидаи ин даргоҳи маърифат гузаронида шуда, баромадкунандагон роҷеъ ба вазъи сиёсии имрӯзаи кишвар ва ҷаҳон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию хештаншиносии ҷавонон ва огоҳонидани онҳо аз хатарҳои гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ба хонандагон дарс гуштанд.

           Аз он ҷумла қайд гардид, ки “Ҷавононро мебояд дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзида, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя намуда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд. Зираку ҳушёр буда, манфиатҳои умумидавлативу умумимиллиро аз дигар манфиатҳои шахсӣ ва  гурӯҳӣ афзалтар шуморанд”.