“СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №40

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 29-уми апрели соли 2023 дар асоси Амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40-и ноҳияи Ҷайҳун “Соати сиёсӣ” доир гардид.

Дар ин соати сиёсӣ сарвари муассиса ва омӯзгорони пуртаҷриба иштирок намуда, бо баромадҳои мукаммал ва даққиқ вобаста ба “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон”, “Саҳми ҷавонон дар пешрафти кишвар” ва “Пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ” андешаҳои худро баён намуданд.

       Аз ҷумла иброз гардид, ки Ҷавонон нерӯи солиму созандаи ҷомеа мебошанд ва рушди босуботи иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар аз ҳар ҷиҳат аз ҷавонон вобастагӣ дорад. Ҳамаи ин таҳаввулот ва ё тағйироту дигаргуниҳое, ки бахусус дар садсолаи навин, асри рушди илму технологияи муосир ба вуқӯъ мепайвандад, бештар ба ҷавонон мансубият дошта, нерӯи ин табақаи ҷомеа бузургтарин арзишу дороии миллату давлат мебошад.

Тавре,  ки  дар  Паёми  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  омадааст “Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд. Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем.

Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд”.