АМАЛИЁТИ “МАКТАБИ МАН” ДАР МТМУ №4

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 29-уми апрели соли равон бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун, намояндагони шуъбаи маориф ва маъмурияти муассисаи таълимии №4-и Ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун бо хатмкардагони ин муассиса ва сокинон суҳбату вохӯрии судманд зери унвони “Мактаби ман” баргузор гардид.

     Зимни баргузории ин вохӯрӣ масъулин доир ба мавзӯъҳои пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, пешгирии оворагардӣ ҳамзамон ҷиҳати саҳм гузоштан дар ободии муассисаи таълимӣ баромад намуда, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд.