РАФТИ БАРГУЗОРИИ “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МТМУ №16

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

          Бо мақсади амали намудани Амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷуҳурии Тоҷикистон зери унвони “Соати сиёсӣ” Санаи 29-уми апрели соли равон бо иштироки омӯзгорони соҳибтаҷриба ва таърихшинос дар муассисаи таълимии №16-и Ҷамоати деҳоти Панҷ ноҳияи Ҷайҳун  гузаронида шуд.

   Дар ин соат вобаста ба мавзӯҳои “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон”, “Баррасии нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат”, “Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон” ва “Пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ” ба иштирокдорон дарс гузашта шуд.

       Метавон гуфт, ки дар муассисаи таълимии номбурда амалиёти “Соати сиёсӣ” дар сатҳи баланди таълимиву тарбиявӣ бо мисолу далелҳои воқеӣ аз ҷониби омӯзгорон ва сарвари муассиса баргузор гардид, ки хонандагон ба худ як ҷаҳон ғизои маънавӣ дарёфт намуданд.