РАФТИ “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №10

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

    Дар асоси нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 29-уми апрели соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и Ҷамоати деҳоти Қумсангир бо иштироки намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия ва директори муассисаи таълимӣ Амалиёти муштарак зери унвони “Соати сиёсӣ” баргузор гардид.

     Ҳамзамон дар ин соати сиёсӣ омӯзгорони фаннии соҳибтаҷриба ва рӯзгордидаи муассисаи номбурда иштирок намуда, вобаста ба “Ташаббусҳои Тоҷикистон доир ба масъалаи об, аз ҷумла «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, “Воқеаҳои сиёсии кишвар ва ҷаҳон”, “Пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ” ва “Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи хештаншиносӣ” андешаронӣ намуда ба хонандагон дарс гузаштанд.