АМАЛИЁТИ “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №2

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 29-уми апрели соли ҷорӣ бо мақсади баргузор намудани Амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и Ҷамоати деҳоти Панҷ “Соати сиёсӣ” баргузор гардид.

       Дар ин амалиёт сарвари муассиса, омӯзгорон, ташкилотчии тарбиявӣ иштирок намуда, доир ба мавзуъҳои “Ташаббусҳои Тоҷикистон дар масъалаи об, аз ҷумла «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, “Воқеаҳои сиёсии кишвар ва ҷаҳон”, “Пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ” ва “Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи хештаншиносӣ” андешаҳои худро баён намуданд.

         Метавон гуфт, ки ин дарси сиёсӣ дар вуҷуди хонандагон ҳувияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯсиву меҳанпарастиро тарбия намуда, таъсирбахш хоҳад буд.