ҲХДТ МАДАДГОРИ БАРҶОМОНДАГОН ХОҲАД БУД

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади  пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дасти кумак дароз намудан ба шахсони эҳтиёҷманд, бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии “Сомонӣ” Иблоев Сайалам ва Кумитаи худфаъолияти деҳаи Сомонӣ бахшида ба моҳи шарифи Рамазон ба 9 оилаи эҳтиёҷманди деҳаи Сомонӣ кумаки яквақтаинаи моддӣ  расонида шуд.

Мавриди зикр аст, ки ташкилоти ибтидоии “Сомонӣ” дар амалӣ намудани чунин иқдомҳо фаъол буда, ҳангоми амалӣ гаштани он оилаҳои эҳтиёҷманде, ки кумак расонида мешаванд руҳбаланд гардида, бо дилу нияти нек ва арзу сипос аз хизматҳои  беназири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар самти рушду пешрафти Тоҷикистон ва таъмини зиндагии шоиста ба сокинон  ёдовар гашта, ҳаряки онҳо минатдории хешро баён намуданд.