АМАЛИЁТИ “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МТМУ №19

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 29-уми апрели соли ҷорӣ дар асоси нақшаи Амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷуҳурии Тоҷикистон зери унвони “Соати сиёсӣ” бо иштироки омӯзгорони соҳибтаҷриба ва таърихшинос дар муассисаи таълимии №19-и Ҷамоати деҳоти Яккадин гузаронида шуд.

        Дар ин соат вобаста ба мавзӯҳои “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон”, “Паёми Пешвои миллат-роҳнамои мост!” ва “Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон” ба иштирокдорон дарс гузашта шуд.

   Метавон гуфт, ки дар муассисаи таълимии номбурда амалиёти “Соати сиёсӣ” дар сатҳи баланди таълимиву тарбиявӣ бо мисолу далелҳои воқеӣ аз ҷониби омӯзгорон ва сарвари муассиса баргузор гардид, ки хонандагон ба худ як ҷаҳон ғизои маънавӣ дарёфт намуданд.