АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №26

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз бо мақсади баргузор намудани Амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и Ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ “Соати сиёсӣ” дар сатҳи баланд баргузор гардид.

     Дар ин амалиёт омӯзгорон, сарвари муассиса, ташкилотчии тарбиявӣ иштирок намуда доир ба мавзуъҳои “Воқеаҳои сиёсии кишвар ва ҷаҳон”, “Пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ” ва дигар масоилҳои мубрами рӯз андешаҳои худро баён намуданд.

         Метавон гуфт, ки ин дарси сиёсӣ дар вуҷуди хонандагон ҳувияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯсиву меҳанпарастиро тарбия намуда, таъсирбахш хоҳад буд.