РАФТИ БАРГУЗОРИИ “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №15

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 29 апрели соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳия дар асоси Амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон “Соати сиёсӣ” дар сатҳи баланд Баргузор гардид.

        Дар ин соати сиёсӣ омӯзгорони соҳибтаҷриба ва хонандагон фаъолона иштирок намуда, доир ба мавзуъҳои “Воқеаҳои сиёсии кишвар ва ҷаҳон”, “Шарҳу тавзеҳ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаронӣ намуданд.