ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати дар сатҳи баланд ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни муҳими миллӣ 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар тамоми ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷайҳун корҳои ободонию созандагӣ бо маром амалӣ гардида, фаъолону сокинони ноҳия саҳми хешро гузошта истодаанд.

Чунин иқдоми созанда ин навбат дар деҳаи “Якуми май”-и Ҷамоати деҳоти Панҷ амлӣ гардида, атрофи роҳи марказии деҳаи болозикр, ки солҳост хароб гардида буд, таҷдиду азнавсозӣ гардид.

Аксияи мазкур зери унвони «Якҷоя  месозем!» бо иштироки сокинони деҳа ва раиси ташкилоти ибтидоии “Панҷ” баргузор гардида, баҳри амалӣ намудани ҳадафу  вазифаҳои  муайянгардида ва бо ин восита саҳм гузоштан дар оббодии диёр амалӣ гашта истодааст.