ДАСТГИРИИ НИЁЗМАНДОН ДАР МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати пайравӣ аз сиёсати хирадмандона ва инсонпарваронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иду ҷашнҳо расонидани кумак миёни халқи тоҷик ба ҳукми анъана даромадааст ва соҳибкорону шахсони хайрхоҳ аз рӯи имкон кумакҳои хешро ба маъюбону ниёзмандон мерасонанд.

      Аз он ҷумла, яке аз он идҳо ин моҳи Шарифи Рамазон буда, беҳтарин фурсат баҳри  изҳори хайру баракат, саховат ва кумаку ёрмандӣ ба ашхоси ниёзманди ҷомеа мебошад.

   Чунин иқдоми нек имрӯзҳо бо ташабуси раиси ташкилоти ибтидоии “Сомонӣ” Иблоев Сайалам ва Кумитаи худфаъолияти деҳаи Сомонии Ҷамоати деҳоти Панҷ дар моҳи Шарифи Рамазон 5 оилаи эҳтиёҷманди ҳудуди ҷамоати мазкур аёдат гардида, баҳри саҳм гузоштан дар таъмини шароити рӯзгордорӣ ба ҳаряки ин эҳтиёҷмандон кумаки яквақтаинаи пулӣ бо ҳаҷми 200 сомонӣ, ҷамъ 1000 сомонӣ расонида шуд.

Боиси қайд аст, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сомонӣ” яке аз ташкилотҳои ибтидоии фаъол ба ҳисоб рафта, дар амалӣ намудани чунин иқдомҳои хайрхоҳона ва башрдӯстона ҳамеша саҳми арзандаи хешро мегузоранд.