ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ҲИЗБӢ БА МАЪЮБОН ДАР АРАФАИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Хайру саховат ва меҳрубонӣ ба ятимону дармондагон ва оилаҳои ниёзманд, ки чашми умед сӯйи мову шумо дӯхтаанд, қарзи инсонии ҳар як нафари тандуруст, солимфикру соҳибандеша ва тавоно аст.

Зери сиёсати хирадмандона ва инсонпарваронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иду ҷашнҳо расонидани кумак миёни халқи тоҷик ба ҳукми анъана даромадааст ва соҳибкорону шахсони хайрхоҳ аз рӯи имкон кумакҳои хешро ба маъюбону ниёзмандон мерасонанд. Аз он ҷумла, яке аз он идҳо ин моҳи Шарифи Рамазон буда, беҳтарин фурсат баҳри  изҳори хайру баракат, саховат ва кумаку ёрмандӣ ба ашхоси ниёзмандон мебошад.

Чуноне ки Пешвои миллат иброз доштанд: “Раҳму шафқат ва кумаку ғамхорӣ ба ятимону маъюбон, беморону шахсони барҷомонда ва оилаҳои камбизоат аз ҷумлаи амалҳое мебошанд, ки риояву иҷрои онҳо дар таълимоти дини мубини ислом қобили таҳсин ва аъмоли хайру савоб шуморида мешавад”.

Дар ин росто, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун баҳри иҷрои саривақтии супориши Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи ҳизбӣ” ҷиҳати дастгирии ҳифзи иҷтимоии алоҳии ниёзманд, 3-нафар маъюбони ноҳияи Ҷайҳун ҳар моҳ бо нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ таъмин карда мешавад.

Баҳри амали намудани ин ташаббус имрӯз бо иштироки Гулмуродзода Қумриниссо - муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Ҳасанзода Тағоймурод - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар арафаи моҳи Шарифи Рамазон 2-нафар маъюб, яке маъюби гурӯҳи 1-уми деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти Панҷ Сафаров Тошмаҳмад ва дигаре кудаки маъюби 8-сола, сокини деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти  Панҷ - Алиев Ҳамидҷон, ки дар рӯйхати гирандагони нафақаи ҳизбӣ шомил мебошанд, аёдат гардида, ба онҳо нафақаҳои ҳизбӣ (500 сомонӣ ба ҳар кадом) барои моҳи марти соли ҷорӣ дастрас гардонида шуд.

Зимни аёдат Гулмуродзода Қумриниссо - муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо ин нафарони маъюб ва оилаи онҳо ҳамсуҳбат гашта, иброз доштанд, ки маъюбону барҷомондагон пайваста зери ғамхории Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, давлату ҳукумат ба ин табақаи ниёзманди ҷомеа ҳамеша таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Аз ин лиҳоз, Шумо ҳеҷгоҳ худро маъюбу танҳо ҳис накарда, мо ҳамеша кушиш ба харҷ хоҳем дод то аз ҳолу аҳволи шумо бохабар бошем ва дар ҳама ҳолат дастёри шумо хоҳем буд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзи таъсисёбии худ бо мардум буда, орзуву ормонҳои халқро бо сиёсати дурбинонаву созандаи худ амалӣ месозад.

Аёдатшудагон ва аҳли хонаводаи онҳо аз ин иқдоми нек ва хайрхоҳона бисёр хушнуд гардида, онҳоро ба ҳаёти рӯзмарра боз ҳам дилгарм намуд ва арзи сипосмандии хешро ба роҳбарияти Олии мамлакат ва ташаббускорони ин кори изҳори сипос  намуданд.